ПИСАРИ ВАТАН

by Султонов Сулаймонхон

free


not available



ДОСТОН. МИРЗО ТУРСУНЗОДА ПИСАРИ ВАТАН Падар мезад нишаста назди фарзанд, Варақ заррин китоби ҳикмату панд.
Ба ӯ мехонд дарси навҷавонӣ, Саросар достони қаҳрамонӣ:
Гаҳе аз мардии Фарҳод мегуфт,Гаҳе аз Хусрави бедод мегуфт;
Гаҳ аз виҷдони Лайлии гуҳарпок,Гаҳ аз фарёди Маҷнуни ҷигарчок;
Гаҳ аз Заҳҳоки морон достоне, Гаҳе аз ҷанги Оҳангар баёне;
Ба фарзандаш падар мегуфт такрор,Ки ин панди маро дар гӯши худ дор,
Дар ин дунё ҳар он чизе, ки дидамҲар он чизе, ки аз мардум шунидам,